ТАВАҶҶУҲ БА ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ҶАВОНОН

189

Тибқи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории хонишҳои сиёсӣ дар партави Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” дарси сиёсии навбатӣ бо иштироки мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Иззатулло Маҳмудов бо донишҷуёни факултети тиббии донишгоҳ баргузор гардид.

Дар дарси мазкур мудири кафедраи ҳуқуқи судӣ ва назорати прокурории факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ И.Маҳмудов дар мавзӯи “Тарбияи ватандӯстии ҷавонон ва моҳияти он” маъруза намуд.

Зимнан таъкид шуд, ки соли гузашта аз ҷониби Парлумони кишвар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул гардид, ки мақсади он дар замири шаҳрвандони мамлакат тарбияи эҳсоси муҳаббат ба Ватан, арзишҳои ватандорӣ ва садоқат ба марзу буми аҷдодӣ ва фарҳангу маданияти ғании тоҷикон ба ҳисоб меравад.