ВОХӮРИИ МАСЪУЛИН БО ДОНИШҶӮЁНИ КУРСИ 1-УМИ ИХТИСОСИ ДАНДОНПИЗИШК

202

Дар доираи баргузории силсилавохӯриҳои масъулини ДМТ мудири шуъбаи назорати сифати таҳсилот, дотсент Маҳмадизода Файзалӣ, мудири шуъбаи тарбия, дотсент Саидов Ҳусниддин, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон Давлатов Мардихудо бо донишҷӯёни курси 1-уми ихтисоси дандонпизишки факултети тиббӣ вохӯрӣ намуданд.

Зимни ин вохӯрӣ масъалаҳое баррасӣ шуданд, ки барои донишҷӯёни соли аввали донишгоҳ судманд буданд. Ин ҳам бошад, масъалаҳои таълиму тарбия, иҷрои бечунучарои талаботҳои ҷойдоштаи донишгоҳ, таҳсили самаранок, саҳми фаъол дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, омӯзиши мунтазами илмҳои замонавӣ, фаъол будан дар корҳои ҷамъиятӣ, тарғиби дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, эҳтироми бузургсолон, риояи Дастурамали либосҳои тавсиявии донишҷӯён, худдорӣ намудан аз истифодаи ғайримақсадноки телефонҳои мобилӣ, иштироки фаъолона дар ҷараёни дарсҳо, худдорӣ намудан аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, риояи фарҳанги истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ, татбиқи Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, эҳтироми Ватан-Модар ва дигар масъалаҳои мубрам буданд.