ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ТАШАККУЛДИҲАНДАИ ҒОЯҲОИ ВАТАНДӮСТӢ

202

Ваҳдати миллӣ сарчашмаи рушди таҳкимбахши ҷомеаи мутамаддини халқи тоҷик ба шумор рафта, дар заминаи ғояҳои ватанпарастиву ваҳдатсолорӣ низ ташаккул ёфтааст. Ваҳдат ин яке аз дастовардҳои тамомуларзии халқи тоҷик дар даврони соҳибистиқлолии кишвар дониста шуда дар заминаи он рушду пешрафти соҳаҳои кишвар ба вуҷуд омаданд. Маҳз вақте, ки дар кишвари Тоҷикистон бо сабаби роҳбарони ташкилоти террористӣ экстремистӣ собиқ ҳизби наҳзати исломӣ ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва оқибатҳои нангбори он ба вуқӯъ пайваст боиси қатлу куштор ва гуреза шудани халқ гардида буд. Дар солҳои 90- ум дар кишвари Тоҷикистон бархурдҳои шадиди роҳбарони мухолифини тоҷик барои амалӣ намудани мақсаду ниятҳои ғаразноки хеш фазои амну осоиштаи кишваро ноустувор сохта, раванди мухолифатҳои диннӣ ва террористии худро миёни мардум ҷорӣ намуданд.

Маҳз ба воситаи ақидаву идеалогияҳои диннӣ ва террористии худ, ба афкори ҷомеа таъсири ҷиддӣ расонда, мавқеи худро барои амалӣ намудани нақшаҳои хоҷагонашон дар ҷомеа нишон доданд. Хушбахтона бо далериву матонати абармарди сулҳофар Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳануз аз аввали рӯзҳои корӣ бо мақсади фароҳам овардани сулҳу ваҳдати комил дар кишвар пеш гирифтани роҳи ҳалли хотимаёбии оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ яке аз хизматҳои бузург ва таърихии роҳбари давлат ба ҳисоб меравад.

Дар замони даргириҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мардум вохурӣ анҷом дода, иброз дошт, ки “Ман ҳозирам дар баробари ҷони худ ба шумо сулҳ оварда, ба халқи азизам ваъда медиҳам, ки ваҳдату соҳибихтиёриро дар кишвар фароҳам месозам. Яқинан иброз медорам, ки бо дастгириҳои шумо ҷангу хунрезиро дар кишвар хотима дода, тамоми гурезагонро ба Ватанашон бар мегардонам”

Дар ҳақиқат ин абармарди миллат ба ваъдаи худ вафо намуда, дар кишвари ҷангзадаи мо сулҳ овард, ваҳдат офарид, Истиқлолият сохт, тамоми гурезагонро ба Ватан баргардонид ва кишваро бо талошҳои зиёд аз оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрванди наҷот бахшид. Алббата тафоҳум бастан бо роҳбарони мухолифини кишвар кори осон набуд, аммо роҳбари давлат аз ҳама роҳҳо истифода намуда, “Созишномаи истиқрори сулҳ”- ро бо онҳо имзо намуд. Пас аз ба имзо расидани ин созишнома дар кишвар сулҳу ороми ва осоиштагӣ ба вуҷуд омад.

Маҳз хизматҳои бузург ва таърихии роҳбари давлат буд, ки мо ба тамоми дастовардҳои назаррас ноил гашта, соҳибихтиёриву ягонагиро дар кишвар ба даст овардем. Ваҳдати миллӣ ягона василаи мустаҳкам намудани ғояҳои ватандӯстдориву хештаншиносии халқи тоҷик ба шумор меравад. Мо ба воситаи ин ғояҳо ҳифзу арзишҳои миллии худро дар шароити муосир ташаккул дода барои мустаҳкам намудани фазои сулҳу суботи кишвар нақши муҳим мегузорем.

Муовини декан оид ба корҳои тарбиявӣ факултети тиббӣ Маҳмадуллозода Х.М.