САРАТОНИ ГАРДАНАКИ БАЧАДОН

19

Охири моҳи январ ҳафтаи огоҳӣ аз саратони гарданаки бачадон мебошад. Ин фурсатест, ки бори дигар аҳамияти пешгириро хотиррасон кунем.Саратони гарданаки бачадон як мушкилоти асосии саломатии занон аст, ки дар сатҳи байналмилалӣ таъсир мерасонад. Ҳамасола саратони гарданаки бачадон боиси талафоти зиёди занон дар дунё мебошад. Бо вуҷуди ин, саратони гарданаки бачадон қариб пурра пешгирӣ карда мешавад.

Дар байни бемориҳои саратонӣ саратони гарданаи бачадон ҷои дуюмро ишғол менамояд. Дар даҳсолаи охир тамоюли бениҳоят номусоиди афзоиши шумораи занони бемор мушоҳида мешавад, бахусус афзоиши беморони то 30-сола дар миёни онҳо нигаронкунанда аст. Ҳамчунин, шаклҳои маъмули ин беморӣ бештар паҳн мешавад. Аслан саратон аз зумраи касалиҳои табобатнашаванда ба ҳисоб меравад ва шахсони ба ин дард гирифтор шуда бо шунидани номи “саратон” дасту дилашонро аз зиндагӣ мешӯянд, вале… Имрӯз илми тиб хеле пеш рафта, бисёр намудҳои бемориҳои онкологӣ, аз ҷумла саратони гарданаи бачадонро табобат кардан имконпазир гаштааст, албатта ба шарте, ки мариз сари вақт ба духтур муроҷиат намуда, табобат бигирад. Аз ҳамин хотир маҳз бо мақсади пешгирии афзоиши ин навъи саратон дар байни занону духтарони тоҷик бояд дар бораи нишонаҳои аввалини саратони гарданаи бачадон маълумот дошта бошем.

Барангезандаи асосии саратони гарданаи бачадон сироятҳои HPV мебшанд, ки бо номи вируси папилломаи одам машҳуранд. Ин вирус асосан бо роҳи алоқаи ҷинсӣ мегузарад. Намудҳои вируси папиломаи одам хеле зиёд буда, баъзе навъҳои ин вирус занро ба саратони гарданаи бачадон гирифтор карда метавонанд.

Бонувон бояд ба саломатии худ бодиққат бошанд ва бо мушҳоида намудани аввалин нишонаҳои беморӣ ҳатман ба духтур муроҷиат намоянд.

Муайян кардани бемориҳои онкологӣ кори саҳлу осон нест ва баъзан ҳатто табибон низ дар ташхиси чунин касалиҳо душворӣ мекашанд, вале саратони гарданаи бачадон нишонаҳои махсуси худро дорад. Нишонаҳои саратони гарданаи бачадон инҳоянд:

1. Дард ва хунравӣ. Ҳуҷайраҳои саратонӣ зимни бемории саратони гарданаи бачадон дар девораҳои бачадон афзоиш меёбанд. Ин ҳуҷайраҳо метавонанд хушк шуда кафанд, ана дар ҳамин ҳолат дард ва хунравӣ ба миён меояд.

2. Баромадани табхол. Аксари занону духтарон ба табхол тамоман аҳамият намедиҳанд, вале баромадани табхол ҳам дар узвҳои берунӣ ва ҳам дар узвҳои дарунии зан нишонаи беморист. Дар ҳолати тез-тез пайдо шудани табхол, барои пешгирӣ намудан, бояд ба назди духтури гинеколог, яъне табиби занона рафта, аз ташхис гузаштан лозим аст, зеро ин метавонад нишонаи пайдоиши саратони гарданаи бачадон бошад.

3. Ташарруҳот . Заноне, ки ба саратони гарданаи бачадон гирифтор ҳастанд, хориҷ шудани ташарруҳоти зиёдеро аз маҳбал мушоҳида менамоянд. Ташарруҳот метавонад бе ранг ва ба оби оддӣ монанд бошад. Дар ин ҳолат ҳатман аз ташхиси пурра гузаштан лозим аст. Чаро? Гап сари он аст, ки вақте ҳуҷайраҳои саратонӣ дар гарданаи бачадон ба афзоиш сар мекунанд, вайроншавии дохилии бачадон сар шуда, аз маҳбал ташарруҳоти обмонанд хориҷ мешавад.

4. Камхунӣ . Беҳолу бемадорӣ, ҳиссиёти тез шудани таппиши дил нишонаи камхунӣ бошад. Маъмулан камхунӣ дар занон бар асари хунравӣ аз маҳбал пайд мешавад, ки яке аз сабабҳои асосиаш маҳз саратони гарданаи бачадон мебошад.

5. Якбора лоғар шудан. Вақте ки зан ба саратони гарданаи бачадон гирифтор мешавад, оҳиста-оҳиста иштиҳояш баста шуда, ба хӯрок май намекунад. Сабабаш дар он аст, ки ғадудҳои саратонӣ ба меъда фишор меоранд. Дар натиҷа иштиҳо гум шуда, зан дар муддати кӯтоҳ вазни худро мепартояд ва харобу лоғар мешавад. Агар зан якбора вазнатшро партофта бошад, ҳатман назди табиби занона рафта, аз ташхиси комил гузаштанаш лозим аст, то ба солим будани худ бварӣ ҳосил намояд.

6. Мушкилоти пешобронӣ. Гурдаҳо ва пешобдон бар асари пайдоиши ғадуди саратонӣ поён фаромада метавонанд. Албатта ин ба кори системаи пешоббарори инсон бе таъсир намонда, ҷараёни хориҷ шудани пешоб торафт душвор мегардад. Аксари бонувоне, ки ба саратони гарданаи бачадон гирифтор шудаанд, аз манъ шудани пешоб ва ё ба пуррагӣ холӣ нашудани пешбдони худ шикоят мекунанд. Ҷамъ ва таҳшин шудани пешоб дар пешобдон боиси афзоиши сироят дар пешобдон гашта, дарди сахтро ба вуҷуд меорад.

Баланд бардоштани сатҳи огоҳии аҳолӣ, дастрасӣ ба иттилоот ва хидматҳои асосии пеширӣ ва мубориза бо сироят дар тӯли ҳаёт мебошад.

Ваксинзанӣ аз сини 9 то 14 сола роҳи хеле муассир барои пешгирии сирояти HPV- вируси папилломаи одам, саратони гарданаки бачадон ва дигар саратонҳои марбут ба HPV мебошад. Муоинаи скрининг аз сини 30-солагӣ метавонад бемории гарданаки бачадонро ошкор кунад ва табобати он инчунин метавонад аз саратони гарданаки бачадон пеширӣ намояд.

Скрининг чист ва чӣ тавр муайян кардан мумкин аст, ки шумо бо папилломавируси одам сироят ёфтаед?

Зан наметавонад мустақилона гарданаки бачадонро муоина кунад, аз ин рӯ ягона роҳи саривақт ошкор кардани тағирот дар гарданаки бачадон ин муоинаи мунтазами пешгирикунанда аз ҷониби гинеколог ва скринини саратони гарданаки бачадон – санҷиши РАР (РАР-тест), ё “ситология” ва/ё санҷиши HPV-вируси папиломаи одам (HPV-тест) мебошад, бо фарорасии фаъолияти ҷинсӣ. Санҷиши HPV ба шумо имкон медиҳад, ки муайян кунед, ки оё шумо ба намудҳои муайяни HPV сироят кардаед ё не. Натиҷаи мусбӣ барои HPV маъни онро надорад, ки бемории гарданаки бачадон аллакай инкишоф ёфтааст ё он 100% хоҳад буд, аммо онро низ истисно намекунад. Натиҷаи мусбии санҷиши HPV барои фаҳмидани тағироти ғайримуқаррарӣ/патологӣ, дисплазияи гарданаки бачадон бо истифода аз санҷиши РАР ва/ё муоинаи гинеколог баҳодиҳии минбаъдаро талаб мекунад. Санҷиши РАР як ташхиси ситологии ҳуҷайраҳои гарданаки бачадон мебошад, ки ба шумо имкон медиҳад ҳуҷайраҳои “атипӣ”-ро муайянкунед.РАР-тест метавонад ҳуҷайраҳои пеш аз саратониро дар арданаки бачадон муайян кунад -тағиротҳое, ки дар ниҳоят ба саратони гарданаки бачадон мубаддал мешавад, агар ташхиси саривақтӣ ва табобати дуруст нашавад.

Азбаски скрининги гарданаки бачадон дар кишварҳои даромади паст ва миёна афзоиш меёбад, бештари ҳолатҳои саратони гарданаки бачадон, бахусус дар байни аҳолии қаблан муоинанашуда ошкор карда мешавад. Аз ин рӯ, бояд стратегияҳои муроҷиат ва табобати саратони гарданаки бачадон дар баробари хадамоти пешгирикунанда ҷорӣ ва васеъ карда шаванд.

Айни замон ҳама кишварҳо ӯҳдадор шудаанд, ки саратони гарданаки бачадонро ҳамчун як мушкили саломатии ҷамъиятӣ барҳам диҳанд. Стратегияи Глобалии ТУТ бартарафкуниро ҳамчун коҳиш додани сатҳи солонаи беморӣ то 4 ё камтар аз он ба 100 000 зан муайян мекунад ва се ҳадафро муайян мекунад, ки то соли 2030 ба даст оварда шаванд, то тамоми кишварҳоро дар даҳсолаҳои оянда аз байн бурдани саратони гарданаки бачадон ба роҳ монанд:

· Ваксинатсияи HPV барои 90% духтарони то 15 сола;

· Муоинаи босифати 70% занони 35 ва 45 сола;

· Табобати 90% занони гирифтори бемории гарданаки бачадон

Моделсозии математикӣ тахмин мезанад, ки ноил шудан ба ин ҳадаф 74 миллион ҳолати нави саратони гарданаки бачадон ва 2 миллион маргро пешгирӣ мекунад.

Илова бар ин, пешгирии захмҳои пеш аз саратони HPV ва саратони вобаста ба HPV як ҷузъи асосии Стратеияҳои глобалии бахши тандурустӣ оид ба ВНМО, гепатитҳои вирусӣ ва сироятҳои бо роҳи ҷинсӣ гузаранда барои солҳои 2022-2030 мебошад.

Рофиева Заррина Ҳамдамовна-доктори илмҳои тиб, профессор, мудири кафедраи акушерӣ ва гинекологии факултети тиббии ДМТ