ТАВАҶҶУҲ БА СОҲАИ ТИБ МЕАФЗОЯД

166

(Бардошт аз Паём)

Паём ҳуҷҷати муҳими сиёсӣ буда, хоси давлатҳои мустақилест, ки моҳият ва самтҳои сиёсатгузории худро мустақилона амалӣ менамояд. Воқеан ҳам, Паёми Роҳбари давлат яке аз аломатҳо ва нишонаи рамзи истиқлолияти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Таваҷҷуҳи зиёд ба Паём шаҳодати он аст, ки мардум онро ҳамчун нишондоди барномавӣ ва дастуру роҳнамои кору фаъолият қабул менамояд. Паёми Пешвои миллат аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳимми сиёсии кишвари мо дар ин сол мебошад. Ин маънои онро дорад, ки дар ин ҳуҷҷати ососии сол муҳимтарин ҷанбаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат ҷамъбасту арзёбӣ мегардад. Амалисозии дастуру ҳидоятҳои Сарвари давлат, ки аз Паём бармеоянд, рисолати шаҳрвандӣ ва масъулияти касбии ҳар як фарди ҷомеа, алалхусус устодону омӯзгорон ва кормандони соҳаи маорифи кишвар мебошад.

Президенти кишвар ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маориф ва тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро ҳамеша зери таваҷҷуҳи махсус қарор дода, онро яке аз самти афзалиятноки сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешуморад. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани савияи дониши ҷавонон тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои иҷтимоии худ ва ҳалли масъалаҳои вобаста ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар тадбирҳои мушаххасро роҳандозӣ намудааст.

Ҳамзамон, барои дастгирии соҳаҳои иҷтимоӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағҳои муайн равона карда шудаанд.

Дар Паёми Пешвои миллат рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Бешубаҳа ба рушди соҳаҳои иҷтимоӣ ва хизматрасониву дастрасии бемамониати шаҳрвандони мамлакат аз онҳо таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат равона гардида, самти афзалиятноки онро сатҳи баланди дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои тиббӣ, дар маҷмуъ рушди соҳаи тандурустӣ ҳамчун омили муҳимми саломатии миллат ташкил медиҳад.

Ташаккул ва рушди соҳаи тандурустии мамлакат, билхоса бо дастгириву ташаббус ва дастурҳои роҳнамунсози Пешвои миллат рушд намуда, марҳила ба марҳила дар тамоми минтақаҳои кишвар муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида, инчунин сатҳи беҳтари хизматрасониҳои тиббӣ таъмин карда шудааст.

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, ки «соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти афзалиятноки сиёсати давлати Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои тиббӣ ҳамаи чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд».

Ба таъкиди Пешвои миллат, маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии мамлакат бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад.

Иттилоъ дода шуд, ки соли 2023 барои соҳаи тандурустӣ 3,3 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст, ки дар муқоиса бо соли 2017-ум 2,3 баробар зиёд буда, 8,8 фоизи буҷети давлатиро ташкил медиҳад.

Ҳоло дар соҳа татбиқи 15 стратегияву барномаи миллӣ бомаром идома дорад. Танҳо давоми соли 2023-юм 132 муассисаи кумаки аввалини тиббию санитарӣ сохта, мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамзамон Президенти Тоҷикистон иброз доштанд, ки чанд рӯз пеш бинои нави Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба истифода дода шуд.

Инчунин таъкид шуд, ки бо мақсади боз ҳам баланд бардоштани сифат ва самаранокии хизматрасонӣ маблағгузории соҳа мунтазам зиёд шуда, вазъи таъмини муассисаҳои тиббии мамлакат бо таҷҳизоти ҳозиразамон ва неруи кадрӣ сол ба сол беҳтар мегардад.

Илова бар ин, дар 5 соли оянда сохтмон ва таъмири беш аз 350 муассисаи тандурустӣ ба маблағи зиёда аз 500 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст. Аз ҷониби Ҳукумати мамлакат соли 2023 қабул гардидани Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2040 ва Барномаи маҷмуии давлатии тайёр намудани кадрҳои низоми ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ барои давраи то соли 2030 ба ҳалли мушкилоту масъалаҳои ҷойдошта мусоидат менамояд.

Сиёсати халқпарваронаи Пешвои миллат, бори дигар аз он шаҳодат медиҳад, ки сиёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати таъмин намудани солимии аҳолӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасонии тиббӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳ қарор дошта, тамоми чораҳои зарурӣ амалӣ карда мешаванд.

Тавре Сарвари давлат изҳор намуданд, дар ҳафт соли охир аз ҳисоби буҷети давлатӣ барои дастгирии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ тавассути пардохти нафақа, кумакпулӣ ва ҷубронпулиҳо, нигоҳдории муассисаҳои ҳифзи иҷтимоӣ ва уҳдадориҳои дигар зиёда аз 21,9 миллиард сомонӣ, аз ҷумла танҳо дар соли 2023-юм 4 миллиард сомонӣ равона шудааст.

Паёми имсола мардуми кишварро ба он даъват менамояд, ки бо самимияти хоса ва бо қалби поку беғараз дастовардҳои соҳибистиқлолии мамлакатамонро ҳифз намоем. Моро зарур аст, ки Паёмро сармашқи кори худ қарор дода, беш аз ҳарвақта фаъол бошем, тамоми донишу таҷриба, нерӯи ақлонии худро, чун ин вазифаи асосии мо мебошад, баҳри таълиму тарбияи насли наврас ва ҷавонон равона созем ва ба халқу миллати худ содиқона хизмат намоем.

Иззатуллоев Алиқул,устоди факултети тибии ДМТ