Таваҷҷуҳи ҷавонон ба соҳаи тиб зиёд аст. Таҳлили солҳои охир нишон медиҳанд, ки ҷавонон барои интихоби соҳаи тиб завқи бештар доранд. Факултети тиббии Донишгоҳи миллӣ аз ҷумлаи макони омода намудани чунин мутахассисон мебошад. Ҳайати устодони факултет бояд ҳамеша талош намоянд, ки беҳтарин усули таълим ва корбариро роҳандозӣ намуда, ихтисосҳои нав ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои сатҳи байналмилалиро ташкил кунанд ва ҷомеаро ба мутахассисони соҳибкасби тиббӣ таъмин созанд.
Ин нукта зимни вохӯрии навбатии ректори Донишгоҳи миллӣ, профессор Насриддинзода Э.С. бо ҳайати устодони факултети тиббии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар вохӯрӣ Ректори донишгоҳ оид ба фаъолияти самтҳои мухталифи факултети тиббӣ суханронӣ карда, ҳалли як қатор масъалаҳоро муҳимтарин вазифаи коллективи факултет тафсир намуд.
Зимни вохӯрӣ гуфта шуд, ки дарсамти корҳои таълимию тарбиявӣ дар факултет бояд масъулият бештар эҳсос шавад. Агар мутахассиси соҳаи тиб дорои рафтору гуфтори нек набошад, мушкилии зиёд дар фаъолияти корӣ ба миён меояд.
Дар идома вохӯрӣ роҷеъ ба таҷдиди назар намудани барномаҳои таълимӣ, ташкили ихтисосҳои нав, назорати корҳои илмии муҳаққиқони ҷавон. ташкили конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ ва, пеш аз ҳама, назорати ҷиддии раванди таълим ба садорат ва коллективи факултет дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.