Дар ҳошияисуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Конфронси байналмилалии сатҳи баланд “Тақвияти ҳамкории байналмилалӣ дар самти мубориза бо терроризм ва эҷоди механизмҳои самараноки амнияти сарҳадӣ – Марҳилаи Кувайтии Раванди Душанбе”, 04.11.2024, Давлати Кувайт.
Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбат ба терроризму экстремизм ва дигар праблемаҳои глобалӣ бетараф набуда, ба зидди хатарҳои замони имрӯза ҳамчун шарики табиии тамоми давлатҳои дунё ҳадафмандона талошҳои худро амалӣ намуда, ҳамеша омодагии худро бо андешидани тадбирҳои мушаххас ва муборизаи самарабахш ифода менамояд.
Баргузории конфронси муҳимми байналмилалӣ гувоҳӣ аз он медиҳад, ки Тоҷикистон дар хатти пеши муқовимат бо хатару таҳдидҳои муосир, аз қабили терроризму ифротгароӣ, тундгароӣ, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ қарор дорад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонзимни суханронии худ зикр намуданд, ки “терроризм, ифротгароӣ ва зуҳуроти тундгароӣ имрӯз ба хатари глобалӣ мубаддал гардида, тамоми аҳли башарро ба ташвиш овардааст. Паҳн кардани ғояҳои тундгароёна, барангехтани кинаву адоват ва низои мазҳабӣ дар ҷомеа, ҷалби ҷавонон барои содир намудани ҷиноятҳои террористӣ аслиҳаи воқеии созмонҳои террористиву ифротгаро гардидааст. Онҳо зимни тақвияти фаъолияти худ бо истифода аз ин василаҳо мехоҳанд сохти ҷамъиятиву сиёсии ин ё он кишварро бо роҳи зӯроварӣ тағйир диҳанд. Ин созмону гурӯҳҳо имрӯз зимни роҳандозии ҳадафҳои нопоки худ аз имконоти технологияҳои иттилоотии пешрафта низ фаровон истифода мебаранд”.
Воқеан ҳодисаҳои рӯзҳои охир нишон медиҳанд, ки ҳеҷ яке аз давлати дунё новобаста аз шакли ҳокимият ва иқтидори иқтисодӣ, ҳарбию сиёсӣ аз амалҳои ҷиноятии террористон ва зуҳуроти хушунатомези ифротгароён эъмин нест.
Дар минтақаҳои мухталифи ҷаҳон вазъ торафт пуршиддат гардида, таҳдидҳо ба амният дар миқёси ҷаҳон ва минтақа меафзояд. Омилҳои алоқаманд ба терроризм, зуҳуроти зӯроварии экстремизм ва амалҳои тахрибкоронаи дигар ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар минтақаҳои гуногуни сайёра оқибатҳои фоҷиаангез ба бор меоранд.
Тавре маълум аст, Тоҷикистон – ҳанӯз дар оғози соҳибистиқлолии худ – тамоми сангинии ин зуҳуроти хатарнокро санҷид.
Мутаассифона, айни замон, дар сатҳи байналмилалӣ, дар муайян намудани моҳияти терроризму экстремизм муносибати ягона мавҷуд нест.
Терроризм як навъ сиёсат, идеология ё амали иборат аз таҳдид, фишороварӣ, зурӣ нисбат ба шахсони алоҳида, гурӯҳи одамон, ҷомеа, ҳокимият, институтҳои ҳокимияти давлат ва низоми идоракунии он буда, баҳри расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иделогӣ, геополитикӣ ва имкониятҳои гуногуни таҳрезишуда равона гардидааст. Терроризм ин куштор, аҳли ҷомеаро ба эҳсоси доимии тарсу ҳарос гузоштан барин падидаҳо бошад, экстремизм ин даъват ба нооромӣ, даъват ба ғасби ҳокимият аст.
Дар таърихи тамаддуни инсонӣ охири асри ХХ ва ибтидои асри XXI шояд давраи пурғамтарин аз нуктаи назари қисмати одамон, халқҳо, миллатҳо, системаҳои иҷтимоӣ ва тамаддун бошад. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар конфронси муҳимми байналмилалии “Раванди Душанбе” зимнан таъкид намуданд, ки “ҷиҳати мубориза бо терроризм, муколамаи ҳамаҷониба ва табодули таҷрибаҳои беҳтарин дар ин ҷода барои ҳамаи ҷонибҳои манфиатдор як заминаи муҳимми ҳамкориҳои глобалиро фароҳам овардааст.
Тоҷикистон дар оянда ҳам талошҳои худро дар ин самт идома дода, барои таъмини амният ва суботи фарогир ҳамкориҳои зичро бо шариконаш тақвият хоҳад бахшид. Мусоидат ба таъмини сулҳу суботи пойдор ва ҳаёти осоишта дар паҳнои олам яке аз ҳадафҳои асосии сиёсати хориҷии давлати Тоҷикистон мебошад”.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки бештар ҳадафи асосии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҷавонон, ки яке аз қишрҳои осебпазири ҷомеа мебошанд, қарор мегиранд. Яке аз омилҳои асосии ҷалби ҷавонон ба гурӯҳҳои мазкур, сатҳи пасти маърифатнокӣ, носолимии муҳити оила, бепарвоӣ зоҳир кардани волидайн ба тақдири фарзандон, истифодаи васеъи сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ мебошанд.
Ҷиҳати иҷрои «Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2030» ҷиҳати ташвиқу таблиғ намудани ҷавонон ба риояву эҳтироми қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, худдорӣ аз ҳама гуна кирдорҳои номатлуб, аз ҷумла кирдорҳои террористӣ ва экстремистӣ бо роҳи гузаронидани мурофиаҳои судии сайёр, баргузор намудани суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ ва истифода аз воситаҳои ахбори умум аз манфиат холӣ нест. Чунин тарзи кор метавонад дар пешгирии ҷиноят ва тарбияи ҳуқуқии мардум бештар таъсиргузор бошад.
Ҳамзамон, баланд бардоштани таъсири шуури иҷтимоии зиёиён, ки дар бедор кардани завқи ҷавонон ба хондани асарҳои бадеӣ заминаи фаъол буда метавонанд, омода кардани суханварони ҷавон, ки идеологияи миллиро дар шакли афкори ватанпарастӣ миёни ҷавонон тарғиб менамояд, ба мақсад мувофиқ мебошад. Имрӯз волидонро мебояд, ки ҳисси дӯст доштани Ватан, эҳтиром ба арзишҳои миллию давлатӣ, ҳимояи марзу буми ватани азизамонро дар саргаҳи андешаҳои тафаккури миллии фарзандон қарор дода, ба ифодаи нақши зан ва модари босавод дар тарбияи насли худогоҳу хештаншинос, масъулияти худро иҷро намоянд.
Эраҷи Шералӣ, муовини декан оид ба тарбияи факултети тиббии ДМТ