МУҚОВИМАТ БА КИБЕРТЕРРОРИЗМ

122

Муҳиммияти мубориза ба терроризму экстремизм ва кибертерроризм ҳамеша дар маркази диққати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошт ва дорад. Барои пешгирӣ ва аз байн бурдани ин амали номатлуб дар кишвари мо як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки заминаи мукаммали ҳуқуқии мубориза ва муқовимат бо терроризм ва экстремизмро ташкил медиҳанд. Аз ҷумла:

– Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000-2003, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 июли соли 2000, №320 тасдиқ шудааст;

– Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 2016, №776 қабул гардидааст;

– Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2021, №187 қабул гардидааст;

– Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2006, №1717 қабул гардидааст;

– Консепсияи миллии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом барои солҳои 2018-2025, ки бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2018, №1033 қабул гардидааст;

– Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм, ҷудоихоҳӣ ва ифротталабӣ, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 январи соли 2002, №513 тасдиқ шудааст;

– Конвенсияи Созмони ҳамкории Шанхай бар зидди терроризм, ки бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 феврали соли 2011, №313 тасдиқ шудааст;

– Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 майи соли 1998, №574;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом» аз 25 марти соли 2011, №684;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба терроризм» аз 23 декабри соли 2021, №1808;

– Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аз 2 январи соли 2020, №1655.

Тавре ки маълум аст, фароҳам овардани фазои ҳуқуқӣ дар ҷомеа вазифаи аввалиндараҷаи давлати ҳуқуқбунёд мебошад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, пеш аз ҳама, ҳифзи амният ва тартиботи ҳуқуқӣ зарур аст. Зеро амният ва субот заминаи асосии рушди давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки ҳоло таъмини амният дар ҷомеаи ҷаҳонӣ дар сархати масъалаҳои мубрами рӯз қарор дорад.

Дар ҳақиқат терроризм ва экстремизм падидаи номатлуби замони муосир буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори мардум, ба гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои маишиву фароғатӣ ва амсоли он дониста мешавад. Экстремизм бошад хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро дар худ таҷассум намуда, бо терроризм алоқаи зич дорад. Вале ҷомеаи моро ҳамин матлаб кифоя аст, то ки бидонем ин ҳарду комилан хатари калони парокандагиву бесуботиро доро буда, оқибати басо нохуш ва нанговар доранд.

Кибертерроризм мавқеи умумиҷаҳонӣ пайдо карда, бисёре аз кишварҳои ҷаҳонро фаро гирифтааст. Таваҷҷуҳ ба мушкилоти амнияти иттилоотӣ, пеш аз ҳама, дар ҷанбаи системаҳои калон, ки объектҳои махсусан муҳим ва ташкилотҳои сатҳи давлатиро дар бар мегиранд, зоҳир мегардад. Агар мо ба системаҳои калон ҳамчун системаҳои иттилоотӣ муносибат кунем, ки коркарди иттилоот ва ташкили онҳо бештар аз истифодаи технологияҳои иттилоотӣ вобаста аст, пас чунин таҳдидҳо ба амнияти иттилоотӣ одатан ҳамчун зуҳуроти терроризми киберӣ тавсиф карда мешаванд.

Имрӯз, дар маҷмуъ, кибертерроризм ба рушди ҷомеаи муосири иттилоотии ҷаҳонӣ таҳдид мекунад. Аммо барои муайян кардани мафҳуми “кибертерроризм” як масъалаи хеле душворро ҳал кардан лозим аст, зеро муқаррар кардани сарҳади дақиқ барои фарқ кардани он аз ҷанги иттилоотӣ ва ҷиноятҳои иттилоотӣ осон нест. Мушкилии дигар дар он аст, ки бояд хусусияти ин шакли мушаххаси терроризмро таъкид кард. Худи мафҳуми «кибертерроризм» бо якҷояшавии ду калима: «кибер» («киберфазо») ва «терроризм» ташаккул ёфтааст. М.А.Залихонов терроризмро маҷмуи амалҳои ғайриқонунӣ, ки ба сӯйқасд ба ҷони одамон, таҳдиди зӯроварӣ, амалҳои харобиовар нисбат ба объектҳои моддӣ, таҳрифи иттилооти объективӣ ё дигар амалҳое, ки бо мақсади ба даст овардани бартариҳо ба авҷ гирифтани тарсу ваҳшат дар ҷомеа мусоидат мекунанд, муайян кардааст.

К.Вилкон кибертерроризмро ҳамчун истифодаи компютерҳо, ҳамчун силоҳ ё ҳадафи ҳамла аз ҷониби гурӯҳҳои дорои ангезаи сиёсӣ доштаи байналмилалӣ ё фаромиллӣ ё агентҳои махфӣ, ки таҳдид ё зӯроварӣ мекунанд, тарс меоранд, то ба ҳукумат таъсир расонанд ё маҷбур кунанд, ки сиёсатро тағйир диҳад, маънидод намудааст.

Гурӯҳҳои террористӣ аз чунин вазъи баамаломада сӯйистифода карда, фаъолияти ифротгароӣ, ҷалби бештари ҷавонон ба он, ташвиқ ва анҷом додани ҳамлаҳои террористӣ, аз ҷумла бо истифода аз технологияҳои иттилоотиву коммуникатсиониро густариш мебахшанд. Боиси таассуф аст, ки бидуни дарки ҳадафҳои аслии созмону гурӯҳҳои ифротиву террористӣ баъзе воситаҳои ахбори омма барои роҳбарони онҳо минбар ё дигар имконоти ибрози матлабро фароҳам меоранд. Барои пешгирӣ аз кибертерроризм ва ҳамлаҳои террористӣ қонунҳо ва барномаҳои ҳуқуқие ҳастанд, ки дар мамлакати мо оид ба пешгирии кибертерроризми байналмилалӣ амал мекунанд:

· Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”( аз 16 ноябри соли 1999);

· Қонуни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил “Дар бораи муқовимат бо экстремизм” (аз 14 майи соли 2009);

· Қарори Ассамблеяи генералӣ оид ба “Бартараф намудани терроризми байналмилалӣ” (аз 9 декабри соли 1994);

· Қарори Шурои амнияти байналмилалӣ (аз соли 2005);

· Шурои бехатарии СММ (аз 28 сентябри соли 2001).

Имрӯзҳо вақти он омадааст, ки мо мисли фарзандони як модар, ангуштони як даст паҳлуи ҳам ҷамъ омада, бо ҳам дӯст, иттифоқ ва бародар шуда, бар зидди ҳама падидаҳои номатлубе, ки мехоҳанд давлати ороми моро ноором созанд, истодагарӣ намоем.

Дар маҷмуъ, ҳам кибертерроризм ва ҳам баъзе ҳолатҳои истифодаи фазои киберӣ бо мақсадҳои террористӣ (масалан, таъсири равонӣ) падидаеро ифода мекунанд, ки бо истилоҳи «ҷанги шабакавӣ» таъин шудааст. Имрӯз, кибертерроризм яке аз хатарноктарин навъҳои ҷиноят дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ҳамлаҳои киберӣ метавонанд дар сатҳи маҳаллӣ, миллӣ ва ҳатто дар сатҳи байналмилалӣ зарари ҷиддӣ расонанд. Зеро ҳамлаҳои киберӣ метавонанд ҳадафҳои ҷиддитар аз ҷамъоварии иттилооти ғайрифаъолро дунбол кунанд. Объекти кибертерроризм метавонад маълумоти молиявӣ ва махфӣ, таҷҳизоти идоракунии асбобҳои кайҳонӣ, нерӯгоҳҳои барқи атомӣ, комплексҳои ҳарбӣ ва ғайра бошад.

Шаҳрвандони кишвар, махсусан ҷавонони оянда бояд аз ин ҳодисаҳои номатлуби кибертероризм доимо огоҳ бошанд. Таҳқиқотҳои олимони муосир баёнгари он мебошанд, ки хусусиятҳои зуҳуроти кибертероризм тағйир меёбанд ва дар ҳама ҳолат ба зарари инсоният мебошанд, ки муттаҳидшавии фаъолияти кибертероризм, ҷиноятҳои мутташакилона, мафияи маводи нашъадор, хусусияти омехтаи ҳамла ба аҳолии осоишта, тайёр будан ба истифодаи яроқи ҳастаӣ ва бактериологиро фарогир аст. Бинобар сабаби афзудани таъсиррасонӣ ба раванди сиёсӣ шаклҳои гуногуни мубориза зарурияти таҳлил намудани мундариҷаи онро тақозо дорад. Аз ин рӯ, замона аз мо ҳушёрӣ ва дониши мукаммалро талаб менамояд.

Саидзода Фарзона,коргузори факултети тиббии ДМТ