Дар толори асосии Маҷмааи тандурустии «Истиқлол» 26 феврали соли 2021 бо ибтикори кафедраи ҷарроҳии факултети тиббии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон конференсияи умумидонишгоҳӣ дар мавзӯи «Масъалаҳои муосири гастроэнтерология» баргузор гардид. Кори конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ мушовири академӣ, муовини декани факултети тиббӣ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои тиб Турсунов Р.А. ҳусни оғоз бахшида, нутқи табрикотии ректори ДМТ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Хушвахтзода Қ.Х. қироат карда, ҳозиринро бо муҳтавои барномаи конференсия шиносоӣ намуд.
Мавсуф аз ҷумла зикр намуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола бештар аз 1 миллиону 800 ҳазор нафар ба ҳама бемориҳо гирифтор гардида, наздики 33 000 нафар мефавтанд. Аз нишондоди расмӣ бармеояд, ки дар байни калонсолон сабабҳои асосии ҳодисаҳои фавт дар ҷои аввал аз бемориҳои гардиши хун, сипас осебҳо ва заҳролудшавӣ, дар ҷои сеюм бошад аз бемориҳои узвҳои ҳозима вобаста аст.
Бинобар ин аҳамияти масоили марбут ба вазъи кунунии гастроэнтерология ва дурнамои рушди минбаъдаи он, аз афзоиши паҳншавии бемориҳои узвҳои ҳозима вобаста аст.
Барномаи илмии конференсия 8 маърӯзаро дар бар гирифт, ки ба омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни бемориҳои гастроэнтерологӣ бахшида шудааст. Дар ҳамоиши мазкур мутахассисони соҳаи ҷарроҳӣ, инчунин дигар устодони кафедраҳои мухталифи факултети тиббӣ маърӯзаи илмӣ намуданд:
1. Баротов З.З., номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи ҷарроҳӣ, дар мавзӯи “Табобати муосири саратони ковокии даҳон”; 2. Шаханов А.Ш., номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи ҷарроҳӣ, дар мавзӯи “Муолиҷаи ҷарроҳии гидронефроз дар кӯдакон”;
3. Юлдошев М.А., номзади илмҳои тиб, ассистенти кафедраи ҷарроҳӣ, дар мавзӯи “Муолиҷаи ҷарроҳии муосири гиперплазияи ғадуди простата”;
4. Шарипов Қ.И., ассистенти кафедраи ҷарроҳӣ, дар мавзӯи “Оризаҳои аппендитсити шадид”;
5. Достиев У.А., ассистенти кафедраи ҷарроҳӣ, дар мавзӯи “Омилҳои асосии хатари иммунологии сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон то замони трансплантатсияи гурдаҳо”;
6. Ахмедова А.Р., номзади илмҳои тиб, дотсенти кафедраи асосҳои тайёрии тиббӣ ва бехатарии фаъолияти ҳаёт, дар мавзӯи “Зарари маҳсулоти ғизои дӯстдошта (бо иловагиҳои ғизоӣ) ба организми инсон”;
7. Каримова О.А., номзади илмҳои тиб, иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедраи ташхиси функсионалӣ ва лабораторияи клиникӣ, дар мавзӯи “Табобати бемориҳои узвҳои ҳозима бо ёрии ферментҳо”;
8. Сафарова Д.Б., ассистенти кафедраи акушерӣ ва гинекология, дар мавзӯи “Таъсири уфунатҳои паразитарӣ дар рафти ҳомилагӣ”.
Инчунин вобаста ба мавзӯъҳои ироашуда, доктори илмҳои тиб, профессор, мудири кафедраи ҷарроҳӣ Полвонов Ш. Б. баромад намуда, аз ҷумла иброз кард, ки мавзӯи маърӯзаҳо масъалаҳои гуногунро дар бар гирифтанд, яъне масоили мубрами гастроэнтерология ҳам аз нигоҳи дастовардҳои илмӣ ва ҳам дар доираи имконияти истифодаи амалии усулҳои муосири табобати ҷарроҳӣ баррасӣ карда шуданд.
Сардори шуъбаи ахбори илмию техникӣ Абдуллозода Р.А. аз ҷумла зикр намуд, ки бемориҳои узвҳои ҳозима маъмултарин ба ҳисоб мераванд. Шаҳрвандони зиёд ба машварати доимии мутахассисон ниёз доранд. Бинобар ин муолиҷаи саривақтии бемориҳои мазкур ба пешгирии сар задани аворизи онҳо мусоидат менамояд. Зеро пешгирии ҳама гуна беморӣ аз табобат осонтар аст.
Дар интиҳои конференсияи умумидонишгоҳӣ муовини декани факултети тиббӣ оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ, номзади илмҳои тиб Турсунов Р.А. кори кумитаи тадорукоти конференсияро барои фароҳам овардани чунин имконияти хуб барои ироаи маърӯзаҳои мутахассисони соҳаи ҷарроҳӣ, инчунин назари мухталифи мутахассисонро, яъне саратоншиносон, урологҳо, акушер-гинекологҳо ва дигар соҳаҳоро доир ба самтҳои афзалиятноки омӯзиши бемориҳои узвҳои ҳозима мусбӣ арзёбӣ намуд.