ҲАФТАИ ИЛМ ДАР ФАКУЛТЕТИ ТИББӢ

551

Санаи 20-27 апрели соли 2021 Конференсияи ҷумуриявии илмию амалии устодон ва донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар ҳошияи Ҳафтаи илм, ки ба ҷашнҳои бузурги давлатӣ ва адабию фарҳангиямон, яъне 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 110-солагии Шоири халқии Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон Мирзо Турсунзода, 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода ва “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (солҳои 2020-2040)” бахшида шуда буданд, баргузор гардид.

Муовини декан оид ба илм ва равобити байналмилалӣ, номзади илмҳои тиб Турсунов Р.А. сухани ифтитоҳии худро бо байти зерин оѓоз намуда, ҳозиринро хайрамақдам намуд:

Одамон аз дӯстӣ ёбанд бахт,

Душманӣ орад ба мардум рӯзи сахт.

Ин мисраҳои зиндаёди шоири ширинбаён, қосиди сулҳу дӯстӣ, сиёсатмадори барҷаста, ватансаро, чакомасаро, фарзонафарзанди халқи тоҷик Мирзо Турсунзода мебошанд.

Устод Мирзо Турсунзода ба ҳайси академики Академияи илмҳои Тоҷикистон барои рушди илм, махсусан илмҳои адабиётшиносӣ ва забоншиносӣ ҳамчун олим ва донишманди заковатпеша саҳми арзанда гузоштааст.

Дар яке аз саҳнаи филми “Ҳасани аробакаш”, Ҳасан бо аробаи худ, ки дар он як гурӯҳ ҷавонон барои илмомӯзӣ ва донишандӯзӣ раҳсипор буданд, Устод чунин гуфтааст:

Илм омӯхтан ба кас торафт,

Мисли обу ҳаво зарур афтод.

Бубинед, чӣ қадар ин суханони шоир ба замони мо, яъне замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин иртибот дорад.

Боз чанд нуктаеро аз эҷодиёти мондагори Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода баҳратон ироа намоям, зеро 110-солагии рӯзи таваллуди нависанда моҳи сентябри соли равон ҷашн гирифта мешавад.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Сотим Улуғзода дар қатори С.Айнӣ, А.А.Лоҳутӣ, М.Турсунзода ва дигарон дар рушду камоли адабиёту фарҳанги халқи тоҷик хизмати арзанда кардааст. Сотим Улуғзода дар филми “Қисмати шоир” шукӯҳу ҳашамати давлати тоҷик ва дар пояи баланд будани илму адаб ва фарҳанги онро дар аҳди Сомониён ба ҷаҳониён исбот кард.

Устод Сотим Улуғзода боз як кори хеле сангинро барои миллати хеш сомон дод. Ин ҳам бошад аз назм ба наср гардонидани дурдонаи олии адабиёти мо “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ мебошад.

Бузургони гузаштаамон илму донишро чароғи ақл ва ҷавшани ҷисм донистаанд. Бинобар ин, маҳфуми илм ва дониш барои халқи мо як ҷузъи муҳимтарини маънавиёт ва маърифати инсонӣ ба ҳисоб меравад. Зеро ба гуфти Саъдии бузургвор “Бани одам аз илм ёбад камол!”

Ҳафтаи илм муборак бошад, бароятон дар ҷодаи фаъолияти илмӣ муваффақият таманно менамоям.

Дар доираи Ҳафтаи илм дар факултети тиббӣ тибқи Барномаи тасдиқшуда баррасии маърӯзаҳо санаҳои 20 – 24-уми апрели соли 2020 дар толорҳои факултет барпо карда шуд.

Рӯзи 20-уми апрел, ки дар толори факултет барпо шуд, маърӯзаҳои илмии устодон ва кормандони факултети тиббӣ шунида шуданд. Бо назардошти он, ки аз ҷониби устодон на кам аз ду маърӯза пешниҳод шуда буданд, дар маҷмӯъ аз 23 маърӯза 18 нафар устодон маърӯзаҳои илмии худро дар ҳузури мудирон / кормандони кафедраҳо ва садри конфренсия – раис, муовини декан оид ба илм ва равобити байналмилалӣ, номзади илмҳои тиб Турсунов Р.А. пешниҳод намуданд.

Маърӯзаҳо гуногун ва ҷанбаҳои муҳими илмию тиббӣ доштанд. Аз ҷониби ҳозирин ба сухангӯён саволҳо пешниҳод гардиданд, маърӯзачиён ҷавоби саҳеҳу мукаммал доданд. Баъд аз ин иштирокчиён андешаҳои худро нисбати муҳимият ва тарзи баррасии маърӯзаҳо баён намуданд.

Тибқи Барнома Конференсияи илмии донишҷӯён дар факултети тиббӣ дар 4 бахш – “Бахши эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ”, “Бахши акушерӣ ва гинекологӣ”, “Бахши физиологияи патанатомӣ” ва “Бахши морфологӣ”; дар 4 рӯз – санаҳои 21 – 24-уми апрели соли ҷорӣ гузаронида шуданд.

 Дар маҷмӯъ аз ҷониби донишҷӯён – аъзои фаъоли ҶИД-и факултети тиббӣ  48 маърӯза пешниҳод гардиданд, 44-тои он дар 4 бахш  шунида шуданд. 4 нафар бинобар он ки аз 2 ва ё зиёда маърӯза пешниҳод карда буданд, тибқи назари садри Конференсия танҳо 1 маърӯза қироат намуданд. Ҳамзамон бояд иброз намуд, аз ҷониби донишҷӯён 8 маърӯза тариқи худташаббусӣ пешниҳод ва шунида шуданд. Баромадҳо мазмуни баланди илмӣ доштанд. Баромадкунандагон аз воситаҳои техникии муосир самаранок истифода намуданд.

Дар ҷамбасти Конференсия муовини декан оид ба илм, номзади илмҳои тиб Турсунов Р.А. баромад намуда, доир ба муҳимияти мавзӯҳои интихобшуда, ки аз завқи баланди илмии роҳбарони илмӣ ва донишҷӯён шаҳодат медиҳад, ибрози ақида намуд. Инчунин ба андешаи намояндаи садорати факултети тиббӣ донишҷӯёни кафедраҳои эпидемиология ва бемориҳои сироятӣ, морфологӣ, акушерӣ ва гинекологӣ, инчунин физиологияи  патологӣ ва анатомияи патологӣ бо тиббӣ суддӣ хеле фаъол буданд, ки аз афзудани ҳавасмандии донишҷӯён ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар ин кафедраҳо, инчунин бедор намудани завқи эҷодӣ ва илмҷӯии донишҷӯён аз ҷониби устодони алоҳидаи факултет гувоҳӣ медиҳанд. Дар ҷамбасти Конференсия маърӯзаи 29 нафар донишҷӯёни фаъол беҳтарин дониста шуданд ва бо “Ифтихорнома” ва “Сипоснома”-ҳои садорати факултети тиббӣ қадрдонӣ гардиданд.